ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БАРОИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ  МАРДУМИИ ЧИН БАРОИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БАРОИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ «СУҒД»

Санаи 19 августи соли 2024 ба МОИ “СУҒД” як гуруҳ соҳибкорони Ҷумҳурии мардумии Чин барои шиносоӣ аз фаъолият ва имтиёзҳои минтақа ташриф оварданд.

Дар рафти вохурӣ бо роҳбарияти МОИ “СУҒД” маълум гардид, ки соҳибкорони чинӣ нақшаи роҳандозии воридот, нигоҳдорӣ ва фуруши нахи пахтаро доранд.

Роҳбари МД Маъмурияти МОИ “СУҒД” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба меҳмонон оид ба имтиёз ва афзалиятҳои минтақаи озод маълумот дода, онҳоро аз талабот ва  меъёрҳои қонунгузории ҶТ вобаста ба нахи пахта шинос намуд.

 Баъд аз вохурӣ соҳибкорон ба якчанд бино ва иншоотҳои ҳудуди минтақа ташриф оварда, ҷиҳати амалисозии дигар нақшаву лоиҳаҳои сармоягузории худ дидан намуданд.

Дар ҷамъбасти ташрифи худ, соҳибкорон чунин иброз намуданд, ки ҳамаи афзалиятҳои МОИ “СУҒД” – ро таҳти омӯзиш қарор дода, дар оянда бо нақша ва лоиҳаҳои дигари сармоягузории худ дар ҳамкорӣ бо дигар шарикон ташриф меоранд.

loading