НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МОИ “СУҒД”
26 июли соли 2024 дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид. Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон намояндагони ВАО – ро хайрамақдам гуфта, оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд” иттиллоъ доданд.
Зимни баромад Муҳаммадзода Муҳаммад Султон қайд намуданд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Нақшаи кории минтақа барои соли 2024 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуд.
Ҳамзамон дар нимсолаи аввали соли 2024 МОИ “Суғд” 3 субъекти нав ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа шумораи субъектҳо ба 37 адад расид, 21 адади он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул мебошад.
Дар ин замина маҷмўи маҳсулоти саноатии истеҳсолшудаи МОИ “Суғд” дар соли 2024 ба 180,3 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 116,3 % ё 25,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ дар ин давраи ҳисоботӣ ба 1,9 млн.сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 146,2 фоиз ё 0,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд қайд кард, ки бозори фурӯши маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кишварҳо, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Озорбойҷон ва Туркияро дар бар мегирад. Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо дар давраи ҳисоботӣ 46,2 млн.сомонро ташкил намудааст.
Дар шашмоҳи аввали соли 2024 ҳаҷми сармоягузории мустақим 28,4 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (12,8 млн. сомонӣ) 2,2 баробар ё 15,4 млн. сомонӣ зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 199,4 млн. сомонӣ баробар гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» 885 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин дарваи соли 2023 (838 нафар) ба 47 ҷойи кории нав ё 105,6 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма бо Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, ба ҳамаи саволҳояшон посухи мушаххас гирифтанд.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдории хешро бобати ҳамкории доимӣ бо МОИ “Суғд” баён намуда, онҳоро бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.
Тибқи барнома барои аҳли қалам пресс тур ташкил карда шуд, ки меҳмонон аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи МОИ “Суғд” аз наздик дидан намуда, бо роҳбару намояндагони корхонаҳо ҳамсӯҳбат гардидаанд.