ҶАЛАСАИ КОРИИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” БО СУБЪЕКТҲО
Санаи 19 июли соли 2024 дар бинои Маъмурияти МОИ “СУҒД” ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024, таҳлили вазъи воқеӣ, баррасии мушкилотҳои ҷойдошта, ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ роҳбарону намояндагони субъектони МОИ “Суғд” иштирок намуда, дар рафти ҷаласа оид ба муамоҳои мавҷуда сухан карда, инчунин фикру пешниҳодҳои иштирокдорони ҷаласа оид ба ҳалу фасли он шунида шудаанд.
Дар хотимаи ҷаласа Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иброз намуд, ки барои ҳалу фасли муамоҳову масъалаҳои дар рафти ҷаласа қайдгардида Маъмурият ва шӯъбаҳои дахлдор бо сохторҳои вобаста ҳамкорӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки барои бартараф намудани он корбарӣ менамояд.