СУҒД – ВОДИИ ИМКОНИЯТҲО
Дар ин рӯзҳо, X-умин Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» бо иштироки меҳмонони сершумор, аз ҷумла ниҳодҳои дипломатии Россия, кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи наздик, намояндагони палатахои савдо ва саноати як қатор вилоятҳои Россия, Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо дар шаҳри қадимаи Хуҷанди Вилояти Суғд идома дорад.
Дар кори Намоишгоҳ, дар қатори ширкатҳои зиёди ширкаткунанда Маъмурият ва якчанд субъектҳои бомуваффақияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолона ширкат варзида, маҳсулоти худро бо тамғаи ватанӣ ва сифати баланд ба намоиш гузоштанд.
Имрӯз рӯзи охирини Намоишгоҳ аст. Дар нимаи дуюми рӯз ба имзо расонидани ёддошти тафоҳум, созишномаҳо ва шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ байни иштирокчиёни Намоишгоҳ пешбинӣ шудааст.