МОИ «МИНСК» ВА МОИ «СУҒД» – БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРӢ

МОИ «МИНСК» ВА МОИ «СУҒД» – БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРӢ

МОИ «МИНСК» ВА МОИ «СУҒД» – БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРӢ

Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар Ҷумҳурии Беларус бо сафари корӣ қарор доранд. Мақсади сафар – иштирок дар Намоишгоҳи ҳамасолаи агросаноатии «БЕЛАГРО-2024» мебошад, ки аз ҷониби ташкилкунанадагони чорабинӣ даъват шудаанд.

 

4 июн, Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва Анвар Яъқубӣ аз МОИ “Минск” дидан карданд. Меҳмононро роҳбари Маъмурияти МОИ “Минск” Анатолий Анатолевич Бубен ва чонишини якуми ӯ Сергей Викторович Бубенко қабул карданд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро дар самти табодули иттилоот оид ба муаррифии фаъолияти ҳарду МОИ ва дарёфти имкониятҳо барои ба ҳам овардани соҳибкорони тоҷику белорус бо ҳадафи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар ҳарду кишвар баррасӣ карданд. Пас аз вохӯрӣ бо роҳбарият, меҳмонон аз чанд субъекти МОИ “Минск” дидан намуда, бо фаъолият ва маҳсулоти онҳо шинос шуданд. Масъалаҳои роҳандозии содирот ё истеҳсоли молҳои серталаб бо сифати белорусӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар ҳудуди МОИ “Суғд” баррасӣ карда шуданд. Қобили зикр аст, ки нахустин санади ҳамкорӣ (Ёддошти тафоҳум) миёни ҳарду минтақаи озод, 16 ноябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расида, моҳи сентябри соли 2023 ҷонибҳо бо имзои Созишномаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Анҷумани Беларусу Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд, шарикии худро таҳким бахшиданд.          

loading