ТАЪСИСИ БОЗ ЯК КОРХОНАИ НАВ ДАР МОИ “СУҒД”

ТАЪСИСИ БОЗ ЯК КОРХОНАИ НАВ ДАР МОИ “СУҒД”

ТАЪСИСИ БОЗ ЯК КОРХОНАИ НАВ ДАР МОИ “СУҒД”

28 майи соли 2024  Маъмурияти МОИ “Суғд” маросими супоридани Тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ “Суғд” ба корхонаи навтаъсиси ҶДММ “Корхонаи муштараки  Ривер Суғд Фарм”, ки бо истеҳсоли доруворӣ машғул мешавад, баргузор гардид.  

Тасдиқнома расман ва ботантана аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба директори корхонаи мазкур Ҷаборов Пӯлот Юсуфович супорида шуд.

 

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи сармоягузории корхонаи мазкур аз 3  то 5 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ҳисоби сармоягузорони Ӯзбекистон 71,4% ва аз ҳисоби сармоягузорони ватанӣ 28,6%  ҳиссаро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳа баъди ба кор андохтани корхонаи нави истеҳсолӣ маҳсулоти дорусозӣ ва доруворӣ бо иқтидори 20 000 000 адад дар як сол ба роҳ монда мешавад.

Нархи рақобатпазири маҳсулоти тайёр дар оянда имкон медиҳад, ки на танҳо бозори дохилиро таъмин намояд, балки ба кишварҳои ҳамҷавор содирот намояд.

loading