ИДОМАИ ТАВСЕАИ МУАРРИФИИ МОИ «СУҒД» ДАР ҶМЧ
Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ, ки дар шаҳри Қошғари вилояти мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кори худ оғоз карда буд, рӯзи 20 май ба поён расид. Нуқтаи охирини ташрифи ҳайати вакилони Тоҷикистон шаҳрҳои Линӣ ва Чиндао буданд.
Рӯзи 20 май дар Ассотсиатсияи соҳибкорони шаҳри Чиндао, музофоти Шандун, ки бо соҳибкорони олмонӣ ҳамкории зич дорад, вохӯрӣ ташкил карда шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо хоҳиши ба роҳ мондани ҳамкориҳоро изҳор намуданд. Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» – Муҳаммадзода Муҳаммад Султон оид ба минтақа суханронӣ намуда, ба ҳама саволҳои ҳозирин посух дод. Дар фарҷоми суханронӣ ӯ аз роҳбар ва аъзоёни Ассотсиатсияро ба Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2024», ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ҷиҳати иштирок даъват намуд, ки дар рафти чорабинии мазкур боздид ва шиносоӣ аз шароиту имкониятҳои МОИ «Суғд» имконпазир аст. Роҳбари Ассотсиатсия барои даъват изҳори сипос намуда, ба омӯзиши масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ ва дидад баромадани имконияти сафар ба Хуҷандро ваъда намуд. Пас аз вохӯрӣ, меҳмонон аз толори намоишии мошинҳои сабукрави воридотӣ, бахусус мошинҳои боҳашамат ва гаронбаҳои Олмон, ки узви Ассотсиатсияи соҳибкорони Чиндао мебошад, дидан намуданд.
Дар рафти шиносоӣ ва вохӯрӣ бо рохбарияти толор меҳмонон бо нозукиҳо ва хусусиятҳои тиҷорати мошинҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ошно гардиданд. Бо ҳамин, тибқи барномаи Анҷуман, сафари кории Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» дар баробари дигар аъзоёни ҳайати Тоҷикистон дар Чин анҷом ёфт. Бояд қайд намуд, ки иштирок дар Анҷуман бо таассурот ва ёддоштҳои бузург, созишномаҳои хуб ба роҳ мондашуда ва робитаҳои нави корӣ бо ширкатҳо ва доираҳои тиҷоратии чинӣ хеле пурсамар буд.