ТАВСЕАИ МУАРРИФИИ МОИ «СУҒД» ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Чи тавре, ки қаблан иттилоъ дода шуда буд, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар қатори ҳайати Тоҷикистон ширкат дошт.
Рӯзи 18 май тибқи барномаи Анҷуман ҳайати Тоҷикистон кори худро дар шаҳрҳои Лини ва Чиндаои музофоти Шандун идома дод.
Дар шаҳри Лини бо шахсони расмӣ, инчунин бо роҳбарони якчанд ширкатҳои маҳаллӣ вохӯриҳо ташкил карда шуданд. Яке аз чунин гуфтушунидҳо дар Комитети мунисипалии Линии шӯрои чинӣ оид ба мусоидат ба савдои байналхалкӣ барпо гардид, ки дар он ҷонибҳо имкониятҳо ва пешомадҳои муқаррар намудани ҳамкориро муҳокима карданд. Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар бораи имкониятҳо ва бартариҳои МОИ, аз ҷумла дар бораи вазъи мусоиди ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои андозбандӣ ба субъектҳои МОИ маълумот дод, ки писанди ҷониби Чин гардида, хоҳиши амиқтар ва муфассалтар омӯхтани фаъолияти МОИ «Суғд» изҳор карда шуд. Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими натиҷаи гуфтушунидҳои пешакӣ байни Маъмурияти МОИ «Суғд» ва Кумитаи Мунисипалии Линии Шӯрои Чин оид ба мусоидат ба савдои байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум бастанд.Баъд аз он, меҳмонон ба як қатор корхонаҳо, аз ҷумла ба порки намоишии корхонаи тавлидкунандаи мошинҳои боркаш, ки якчоя бо ширкати маъруфи Волво (Vоlvо) ба истеҳсолот машғул аст, ташриф оварда, аз маҳсули мошинҳои калонҳаҷми боркаш дидан карданд. Муҳаммадзода Муҳаммад Султон зимни мулоқот бо роҳбарияти корхона дар бораи лоиҳаи сохтмони маркази логистикии МОИ «Суғд» ва имконоти ташкили маркази хизматрасонии мошинҳои боркаш дар он суханронӣ намуд. Роҳбарияти корхонаи мазкур ба ин лоиҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, хоҳиши худро ҷиҳати омӯзиши муфассали лоиҳа ва имкониятҳои ширкат дар лоиҳаро изҳор намуд.