МУАРРИФИИ МОИ «СУҒД» БА ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ЧИН
Чи тавре, ки қаблан иттилоъ дода шуда буд, Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форума байналмилалии иқтисодӣ бо даъвати ҷониби Чин қарор дорад.
Рӯзи 16 май тибқи барномаи Форум иштирокчиён дар Намоишгоҳи сохтмон ва саноат дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Синзян ширкат карданд, ки дар он маҳсулоти ширкатҳои сохтмонию саноатии маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо маърӯза оид ба фаъолияти МОИ «Суғд» суханронӣ намуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ дар оғози суханронӣ нақши барҷастаи Чинро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, равобити қавии тиҷории тоҷирони тоҷику Чин ва муносибатҳои кори ва дӯстонаи ду кишварро баланд арзёбӣ намуд. Сипас дар бораи фаъолият ва бартариҳои МОИ, аз ҷумла дар бораи шароити мусоиди иқтисодӣ, низоми махсуси ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои андозӣ, ки ба субъектҳои МОИ пешбинӣ шуданд, маълумот дод. Ӯ махсусан қайд намуд, ки дар МОИ «Суғд» беш аз сӣ ширкати маҳаллӣ ва муштарак, аз ҷумла бо иштироки сармояи чинӣ бомуваффақият фаъолият мекунанд. Дар фарҷоми муаррифӣ филми мухтасари муаррифӣ оид ба фаъолияти МОИ намоиш дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар маросими ифтитоӣ боз як баромади дигари муаррифӣ оид ба фазои мусоиди тиҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндаи Палатаи савдо ва саноати Чумҳурии Тоҷикистон Ҷумъаев Муҳаммадҷон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Баъд аз маросими кушодашавӣ иштирокчиён аз молу маҳсулоти ба намоиш гузошташуда дидан намуда, аз комёбиҳои корхонаҳои саноатию бинокории Хитой шинос шуданд. Роҳбари МОИ «Суғд» зимни шиносоӣ бо роҳбарият ва намояндагони ин ширкатҳо оид ба роҳандозии ҳамкорӣ, ташкили ширкатҳои саноатии муштарак дар ҳудуди МОИ ва тавассути истифодабарии афзалиятҳои МОИ «Суғд» истеҳсоли маҳсулоти сифатнок ва мавриди ниёзи бозорҳои Точикистон ва Осиёи Миёна гуфтушунид намуд.
Ҳайати Тоҷикистон мувофиқи барномаи Форум кори худро дар шаҳрҳои Чиндао ва Линии музофоти Шандун идома медиҳад.