ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРЗАНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
22 майи соли 2024 ба МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорзанони вилояти Хатлон бо мақсади омухтани таҷрибаи корӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини якуми Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Зикриёзода С. дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” тариқи рунамо маълумоти мушаххас дод.
Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” дидан намуда, ба сифати кори корхонаҳои мазкур баҳои баланд доданд.