
АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ АҚИБГОҲИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР НОҲИЯИ Б. ҒАФУРОВ
Санаи 9-уми майи соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бахшида ба таҷлили ҷашни 79-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирокчиёни ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуданд.
Дар ҷараёни аёдат Муҳаммадзода Муҳаммад Султон зикр намуд, ки ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯш намешавад ва онҳо пайваста зери таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва зимни суханронӣ инчунин табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба онҳо расонид.
Иштирокчиёни ақибгоҳи ҷанг аз ин ғамхорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории худро баён дошта ва ҷиҳати ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он дуои нек карданд.
Зимни аёдат ба онҳо кӯмаки молиявӣ расонида шуд.