МАРОСИМИ ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ БАХШИДА БА 79-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА
Субҳи имрӯз санаи 08 майи соли 2024 дар назди Муҷассамаи ёдгориҳои шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид, ки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо намояндагони маъмурият дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
Ба ин муносибат дар чорабинии роҳбарону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони моқамоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳр, кормандони муассисаҳову ташкилотҳо иштирок доштанд.
Дар маросими гулчамбаргузорӣ, бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони ҷанг, роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, санги ёдгории ҷанговарони байналмиллал ва бақароркунандагони сохти конститутсионӣ гулчамбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯши хотираи қурбониёнро пос доштанд.