Ҷаласаи кории Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” доир ба “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” бо кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”
Санаи 11 апрели соли 2024 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳамад Султон доир ба “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” ки санаи 9 марти соли 2024 баргузор гардида буд, ба аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” оид ба мӯҳтавои ин баромади муҳим суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин Роҳбари Маъмурият қайд намуданд, ки ҳар яки мо бояд ҳисси баланди вадтандӯстӣ дошта бошем ва ба аҳли ҷомеа бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем то ватану миллати хешро дӯст доранд ва барои ояндаи Ватан, давлат миллат масъулияти баланд дошта бошанд. Чи тавре, ки Пешвои миллат дар суханрониашон қайд намуданд: “Мо бояд иттиходу ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст”.
Дар рафти ҷаласса ба масъулин супориш вогузор намуд, ки шахсони мутассади ва гуруҳи кори тибқи фармон таъин карда шуда ба корхонаҳои ҳудуди МОИ “Суғд” оиди суханони презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба пурраги шинос намуда корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шавад.
Дар хотимаи ҷаласа Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон хоҳиш ва иброз намуд, ки ҳар як корманди маъмурият масъулияти баланди ватанпарастиву ватандӯстиро ҳис намуда, баҳри сулҳу субот ва ороми дар кишвар якумин аз оилаи худ, ба фарзандону, наберагон, хеше ақрабову ҳамсоягон корҳои фахмондадиҳӣ ташкил намоянд.