ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ВИЛОЯТИ НИЖЕГОРОДСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
28 марти соли 2024 ба МОИ «Суғд» таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Директори палатаи савдо ва саноати вилояти Нижегородски Федератсияи Россия Разуваев Иван Андреевич бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, меҳмононро бо фаъолияти як қатор субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ “Силкоат-Бойя”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко” ва МТҒ “Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ” шинос намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсӯҳбат шуданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи ҶДММ КФ “Фортуна Ко” сармутахассиси шӯъбаи итилоотӣ Қаюмова Ф. тариқи рунамо оиди фаъолияту имтиёзҳо, МОИ “Суғд”-ро муаррифӣ намуда, ба саволҳои меҳмонон ҷавобҳои мушаххас дод.