ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ МУБОРАК!

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ МУБОРАК!

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ МУБОРАК!

Маъмурияти МОИ ”Суғд” бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии ҷашни шукӯҳманди аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику муборакбодӣ намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ, хушбахтиву хушҳолӣ, сарбаландиву пирӯзӣ ва дар фаъолиятатон барору комёбиҳо таманно менамоем. Боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши Истиқлолияти давлатиамон ба марҳалаи нави эҳёи худ расида, туфайли сиёсати тамаддунофар ва фарҳангпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид. Дар партави сиёсати халқпарварона ва ободкоронаи Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини шаҳрамон чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба раванди корҳои созандагиву бунёдкорона вусъати тоза бахшида, баҳри шукуфоиву сарсабзӣ ва ободии Ватани маҳбубамон фидокорона меҳнат менамоянд. Бигзор, Наврӯзи бостонӣ ва баҳори нозанин барои мардуми Тоҷикистони азиз фаровониву ободӣ, шодиву нишот ва дастовардҳои беназир оварад.

loading