ЗАНОНУ МОДАРОН НИГИНИ ПУРҶИЛОИ ТОҶИ МИЛЛАТАНД! ИД МУБОРАК БОНУВОНИ АЗИЗ!
Ҳамасола санаи 8 март тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Рӯзи модар» таҷлил мегардад. Ин рӯз бо мақсади бузургдошти Зан-Модар, ки офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила медошад, «Рӯзи модар» эълон гардидааст.
Зан – модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.
Дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.
Ҳамду сано ба зан – модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.