СУПОРИДАНИ СЕРТИФИКАТИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ ВА ГУМРУКӢ АЗ ҶОНИБИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “ТОҶПАНЕЛ”
6 феврали соли 2024 дар Маъмурияти МОИ “Суғд” маросими супоридани тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд” ба корхонаи нав ҶДММ “Тоҷпанел” баргузор гардид. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар ин ширкат 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби сармояи худи сармоягузорони ватанӣ амалӣ мешавад.
Дар доираи лоиҳа истеҳсоли панелҳои фасадӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва пардоздиҳандаро бо иқтидори 30000 м. м. панел дар як сол ба роҳ мемонад.
Нархи рақобатпазири маҳсулоти тайёр дар оянда имкон медиҳад, ки на танҳо бозори дохилиро таъмин намояд, балки ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Россия содирот намояд.
Баъди ба истифода додани корхонаи мазкур зиёда аз 20 нафар бо ҷои кории доимӣ таъмин мегарданд.
Дар рафти супоридани тасдиқнома, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба директори ҶДММ “Тоҷпанел” Абдураҳмонзода Д.А. дар фаъолияташ муваффақиятҳои калон ва натиҷаҳои назаррасро таманно намуд.