НИШАСТИ МАТБУОТИИ НАВБАТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

НИШАСТИ МАТБУОТИИ НАВБАТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

НИШАСТИ МАТБУОТИИ НАВБАТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

9 феврали соли 2024 дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода М.С ба намояндагони ВАО оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд” иттиллоъ доданд.

Зимни баромад қайд карда шуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Нақшаи кории минтақа барои соли 2023 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуд.

Ҳамзамон дар соли 2023 МОИ “Суғд” 6 субъекти нав ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа шумораи субъектҳо  ба 35 адад  расид, 22 адади он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул мебошад.

Дар ин замина  маҷмўи маҳсулоти саноатии истеҳсолшудаи МОИ “Суғд” дар соли 2023 ба  352,9 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022 103,0% ё 10,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.  

Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ бошад дар ин давра ба 23,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 5,8 баробар зиёд мебошад.

 Дар соли 2023 субъектҳои МОИ “Суғд” маҳсулотҳои худро асосан ба Қазоқистон, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Туркманистон, Ироқ, Туркия, Россия ва Афғонистон содирот карданд.

Дар соли 2023 ҳаҷми сармоягузории мустақим 32,0 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2022 135% ё худ 8,3 млн. сомонӣ зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 171,0 млн. сомонӣ баробар мебошад.

Дар соли 2023 шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» ба 910 нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022,  111 ҷойи кории нав зиёд мебошад.

Ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма бо Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, ба ҳамаи саволҳояшон посухи мушаххас гирифтанд. 

 

Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдории хешро бобати ҳамкории доимӣ бо МОИ “Суғд” баён намуда, онҳоро бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.

loading