ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”
30 Ноябри соли ҷорӣ ба МОИ “Суғд” соҳибкорони вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини директори генералӣ оид ба ҷалби сармоягузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ҷаноби Евгений Тарасевич бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро хуш пазируфта, бо фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа, аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ КФ “Фортуна Ко” шинос намуданд.
Ҳангоми боздид меҳмонон бо масъулини корхонаҳо ҳамсӯҳбат шуда, хоҳиши дар оянда ҳамкорӣ карданро қайд намуданд.