Маъмурияти МОИ “Суғд” бо ҶДММ “Ширкати машваратии мушовирон” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Санаи 7 ноябри соли 2023 роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Камолиддтнзода Илёсиддин бо роҳбари ҶДММ “Ширкати машваратии мушовирон” Бурҳонов Меҳрубон Саидакобирович, Ёддошти тафоҳуми ба имзо расонидаанд.
Мақсади асосии ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми фаъолияти муштарак ва вусъат додани ҳамкории дуҷониба барои дар якҷоягӣ рақамикунонии соҳаҳо, рушди инноватсия, омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, машваратдиҳӣ дар соҳаҳои гуногуни тиҷорат, махсусан машварат барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» барои рушди фаъолияти дуҷониба дар доираи ҳуҷҷати мазкур чораҳо андешида барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ татбирҳои зарури ба нақша гирифта истодаанд.