Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар Форуми иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе
2 ноябри соли 2023 дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи VI Зеркомиссияи муштараки Тоҷикистону ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чини назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Форуми соҳибкорӣ ва иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар форуми мазкур муовини Сарвазири кишвар Усмонзода Усмоналӣ Юнус алӣ ва узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ма Синжуй иштирок намуданд.
Дар доираи Форум бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо вобаста ба масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии минтақа, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои технологӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои муосир, инчунин иқтисоди сабз, содагардонии расмиёти савдо ва тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар минтақа, рушди инфросохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкори байни соҳибкорони ҳарду тараф муколама сурат гирифт.
Дар натиҷаи иштирок дар Форуми мазкур Ёддошти тафоввум бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба байни Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Кумитаи идоракунии минтақаҳои рушди иқтисодии Қашгар ба имзо расонида шуд.