НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
8 августи соли ҷорӣ дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар шашмоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Роҳбари Маъмурият Зикриёзода Сӯҳроб ба намояндагони ВАО оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд” иттиллоъ дод.
Зимни баромад қайд карда шуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 31 субъект ба қайд гирифта шуда, 19 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул шуданд.
Маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳи аввали соли 2023 ба 155,0 млн. сомони баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 110,8 фоиз ё 14,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ дар ин давраи ҳисоботӣ ба 1296,0 ҳазор сомонӣ расонда шуд.
Бояд қайд кард, ки бозори фурўши маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кишварҳо, аз қабили Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Озорбойҷон ва Туркияро дар бар мегирад.
Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо дар давраи ҳисоботӣ 57,6 млн сомонро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1,5 млн. сомонӣ ё 2,8 фоиз зиёд гардид.
Дар шашмоҳи аввали соли 2023 ҳаҷми сармоягузории мустақим 12,8 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта (11,5 млн. сомонӣ) 11,3 фоиз ё 1,3 млн. сомонӣ зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 151,8 млн. сомонӣ баробар гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра сармоягузорӣ асосан аз ҷониби 5 корхона, аз ҷумла ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” ва ҶДММ “Донаи Алмос” таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» 838 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (783 нафар) 55 ҷойи кории нав зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби субъектҳои МОИ “Суғд” ба буҷети давлат 3148,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби пардохти андозҳои дахлдор (андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ) ворид гардид, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,0 фоиз ё 1063,8 ҳазор сомонӣ зиёд гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда дар субъектҳои МОИ “Суғд” 13,8 млн. сомониро ташкил дод.
Инчунин Маъмурияти МОИ “Суғд” бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ бо мақсади тақвият додани ҷалби доираҳои соҳибкориву сармоягузории ватанию хориҷӣ, тавассути он ташкил намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо доираҳои соҳибкории кишварҳои гуногун ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ҳамкориро мунтазам идома дода истодааст.
Бояд қайд намуд, ки зимни сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 1 апрели соли ҷорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боз як корхонаи нав, корхонаи ҶДММ “Азияполитекс”–ро, расман ифтитоҳ намуданд.
ҶДММ “Азияполитекс” бо Қарори Маъмурият аз 29 декабри соли 2017, №16 ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба қайд гирифта шудааст. Сармоягузорӣ асосии корхонаи мазкур ШДММ «МИРСА»-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.
ҶДММ “Азияполитекс” тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ бо истеҳсоли халтаҳои полипропилении калон ҳаҷм машғул мешавад.
Ҳамзамон дар натиҷаи андешидани чораҷои зарурӣ Маъмурияти МОИ “Суғд” санаи 3 марти соли 2023, субъекти нав бо номи ҶДММ “Суғдбитум”, ки самти фаъолияти он бо савдои яклухти битум ва коркарди он равона карда шудааст, ба қайд гирифт. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо маблағгузории 523 000 доллари ИМА таъсис дода шуда, ҳангоми пурра ба кор оғоз намудани он зиёда аз 20 нафар сокинони маҳалии вилояти Суғд бо ҷои кори доимӣ таъмин карда мешавад.
Инчунин санаи 1-июни соли 2023 боз як субъекти нав бо номи ҶДММ “Ситораи Аср”, ки самти фаъолияташ бо истеҳсоли ҳаргуна маснуоти филизӣ (микроблок барои техникаи хоҷагии кишоварзӣ) нигаронида шудааст, ба қайд гирифт. Корхонаи истеҳсолии мазкур аз ҷониби соҳибкорони Федератсияи Россия бо маблағгузории зиёда аз 500 000 доллари ИМА таъсис дода шуда, зиёда аз 22 нафар ҷои нави кори доимӣ ташкил карда мешавад.
Маъмурият ҷиҳати амалӣ намудани ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои истехсолӣ бо якчанд сармоягузорон гуфтушунидҳо баргузор намуд, ки барои ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси субъектҳои нав дар МОИ “Суғд” мусоидат менамоянд.
Чунончи, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар давоми 6 моҳ зиёда аз 25 вохӯриҳои судманд бо намояндагони Федератсияи Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Италия, Намояндагони Бонки осиёгии рушд гузаронида шуд.
Ҳамзамон дар моҳҳои апрел ва июни соли ҷорӣ роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар форуми II байналмиллалии сармоягузории Тошкент 2023 ва Ярмаркаи IX байналмиллалии савдо “Суғд 2023” иштирок намуданд ва дар рафти вохӯриҳо аз афзалияту имкониятҳои минтақа маълумот пешниҳод карда шуд.
Корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” мунтазам дар мадди назари маъмурият қарор дошта, дар ин самт чораҳои таъхирнопазир амалӣ гардида истодаанд.
МОИ “Суғд” минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда кӯшиш менамояд, ки дастовардҳоро дар фаъолият зиёд намояд.