ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «СУҒД-2023»
23 июни соли ҷорӣ дар Қасри Варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Маъмурияти МОИ «Сугд» ва субъектҳои он: ҶСК “Ариана металл пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ва ҶДММ “Арча” иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 500 нафар меҳмонону соҳибкорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, иштирок варзида, аз Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулотҳои ватаниро субъектҳои пешқадами МОИ “Суғд” ба намоиш гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» санахои 22-24 идома ёфта, дар доираи он ташкилу баргузории як қатор форуму конфронсҳо ва мулоқотҳо дар назар дошта шуд, ки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар он иштирок намуда, як қатор Ёддошти Тафоҳум ва Созишномаи Ҳамкорӣ баста шуд.
Инчунин, дар номинатсияи иштирокчии фаъол дар чорабинии мазкур Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва субъектҳои он: ҶСК “Ариана металл пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ва ҶДММ “Арча” аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.