ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
22 июни соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. меҳмононро хуш пазируфта, бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуданд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти корхонахои ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” дидан намуданд.