Тасдиқномаи ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ аз ҷониби МОИ «Суғд» ба ҶДММ «Ситораи Аср» дода шуд
2 июни соли 2023 Маъмурияти МОИ «Суғд» маросими супоридани тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ «Суғд» ба корхонаи нав баргузор гардид. Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И. ба директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ситораи Аср» дар фаъолияташ муваффақиятҳои калон ва натиҷаҳои назаррас таманно намуд.
Дар доираи лоиҳа истеҳсоли блокҳо барои мошинҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.
Ҳаҷми эъломшудаи сармоягузорӣ ин ширкат 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби сармояи худи сармоягузори рус амалӣ мешавад.