ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ СУҒД ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ СУҒД ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ СУҒД ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД

27-28 апрели соли 2023 намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” дар Форуми дуюми байналмиллалии сармоягузории Тошканд дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи форуми мазкур намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” дар панелҳои алоҳидаи он вобаста ба мавзӯъҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, соҳаи нассоҷӣ, коркарди пӯст, савдои электронӣ ва неъруӣ сармоягузории шаҳри Тошканд иштирок намуданд.

 

Ҳамчунин дар раванди чорабинӣ бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони давлатҳои Ӯзбекистон, Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Туркия, ИМА, Чопон, Иордания, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон гуфтушунидҳои судманд анҷом дода, оид ба фазои хуби сармоягузорӣ ва афзалиятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо мақсади  таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” маълумот дода шуд.

  

loading