ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁГИИ PУШД БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁГИИ PУШД БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁГИИ PУШД БА МОИ “СУҒД”

28 апрели соли 2023 ташрифи намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сардории мушовири байналмилалӣ Ҷаноби Энди Джи ва мушовири маҳаллӣ хонум Ёқубзода Фарида ба МОИ “Суғд” доир гардид.

 

Дар ҷаласа роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Эшонов Хайём сардори Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор роҳбарону намояндагони субъектони МОИ “Суғд” иштирок доштанд.

   

Дар доираи ҷаласа роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва намояндагони субъектҳои минтақа, бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд ҷиҳати набудани роҳи оҳан дар ҳудуди минтақа, ва мушкилоти воридоту  содирот намудани маҳсулоти истеҳсолшудаи субъетҳо аз ҳудуди минтақа баррасӣ гардид. Зимни гуфтушунидҳо дар доираи ҳали масъалаи дар боло зикргардида ва бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳо шунида шуд.      

 Дар охир меҳмонон бо раванди фаъолияти як қатор субъектони МОИ “Суғд” аз ҷумла ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ “Азияполитекс” шиносоӣ пайдо намуданд.

loading