ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ПАЛАТАИ САВДОИ ИТАЛИЯ – РОССИЯ ҶАНОБИ ФЕРДИНАНДО ПЕЛАЦЦО
27 апрели соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» доираи соҳибкории Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии Президенти Палатаи савдои Италия – Россия ҷаноби Фердинандо Пелаццо бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Эшонов Хайём сардори Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимов Н.А. муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, вохурии судманд гузаронида, тариқи рӯнамо ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумот пешкаш карда шуд.
Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат бойя” ва ҶСК “Ариана металл пласт” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Дар охир аз тарафи роҳбарияти МОИ “Суғд” ба меҳмонон оиди ташкили корхонаҳои муштарак байни Тоҷикистону Италия таклифҳо пешниҳод карда шуд, ки онро меҳмонон хуш пазируфта, барои ҳамкории дуҷониба дар оянда изҳори розигӣ баён намуданд.