ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МОИ “СУҒД” ВА СУБЪЕКТҲОИ ДАХЛДОРИ ОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
28 ноябри соли 2022 роҳбари МОИ “СУҒД” Камолиддинзода И.Ҷ дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳои Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар маросими мазкур МОИ “СУҒД” беҳтарин содироткунанда аз рӯи номинатсияҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи Озмун интихоб гардида, бо ҷоиза ва дипломи Озмуни “Беҳтарин содиркунандаи Тоҷикистон” барои соли 2021 ғолиб дониста шуд.
Инчунин субъектҳои МОИ “СУҒД”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶСК “Ариана металл пласт” дар ин маросим бо ҷоиза ва сертификати Озмуни мазкур дар номинатсияи “Саноатӣ” ғолиб дониста шуданд.