ВОХӮРИИ АНЪАНАВӢ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД»
Ҳамасола дар Маъмурияти МОИ «Суғд» вохӯриҳо бо насли ҷавон баргузор мегардад. Ҳамин тавр, санаи 13 октябри соли ҷорӣ ҳудуди 50 нафар донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, факултаи «Иқтисод ва менеҷмент» изҳори хоҳиш намуданд, ки бо фаъолияти МОИ «Суғд» шинос шаванд.
Вохӯрӣ бо донишҷӯён аз ҷониби мутахассисони Маъмурияти МОИ «Суғд» ва муаллими калони кафедраи ДПДТТ кафедраи «Молия ва қарз» Файзиева Парвинахон ташкил карда шуд.
Донишҷӯёнро кормандони Маъмурият таҳти роҳбарии мудири шуъбаи иттилоот – Қаюмова М.И. хуш пазируфтанд.
Мутахассиси шӯъбаи сармоягузории байналмилалӣ О.Ҳалимбойзода донишҷӯёнро бо фаъолияти Раёсат аз рӯи тартиби хронологӣ, имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз шинос намуд.Донишҷӯён тавонистанд дар бораи манфиатҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар МОИ, бо шароити содирот ва воридоти маҳсулоти истеҳсолкардаи субъектҳо маълумот гиранд. Донишҷӯён инчунин ба масъалаи имкониятҳои кор ва шароити кор дар корхонаҳои МОИ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.Дар доираи вохӯрӣ донишҷӯён барои боздид аз ҶДММ «Равзана пластик» ва ҶСП «Ариана Металл Пласт» барои шиносоии бештар бо раванди истеҳсолот ва навъҳои маҳсулот даъват карда шуданд.