Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар ба МОИ “Суғд”
11 октябри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар якҷо бо намояндаи тиҷоратии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Малик Абул Маҷид ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Зикриёзода Суҳроб меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти ҶСК “Ариана Метал Пласт”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко”,ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат-Бойя” дидан намуданд.