ИШТИРОКИ МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ
Санаи 15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Россия баргузор гардид, ки дар он намояндагони Маъмурияти МОИ «Суғд» таҳти роҳбарии Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин иштирок доштанд.
Дар доираи форум бо намояндагони тиҷоратии Федератсияи Россия дар формати B2B мулоқот баргузор гардид.
Дар натиҷаи анҷуман, Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» – Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин ва Директори генералии ҶДММ «Осминожка» бо намояндагии Шрайбман М.Б. баҳри густариш додани муносибатҳо ва ҳамкории муттақобилан судманд байни МОИ «Суғд» ва ҶДММ «Осминожка» ёддошти тафоҳум ба имзо расид.