НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МОИ “СУҒД” ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022
Имрӯз 05 августи соли 2022 тибқи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар идораҳо, корхонаҳо муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дигари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар МД Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” мӯҳтарам Камолиддинзода Илёсиддин ба намояндагони ВАО оид ба натиҷаи фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи якуми соли 2022 иттилло дод.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” бо назардошти дастрас шудани маълумоти васеъ дар варақаҳои иттилоотӣ баъзе нуқтаҳои асосӣ аз натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 маълумоти амиқ дод ва сипас саволу ҷавоб сурат гирифт. Ба саволҳои пешниҳоднамудаи рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дода шуд.