Санаи 04 августи соли 2022 соҳибкорӣ Ҷумҳурии Корея ҷаноби Беахи Хан якҷо бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Вилояти Суғд аз МОИ “Суғд” дидан карданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” муҳтарам Камолиддинзода И. бо мақсади тақвият ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузории дохилию хориҷӣ меҳмононро бо шароиту имконият ва афзалияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуда, сипас аз фаъолияти ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ “Азияполитекс” дидан карданд.