Боздиди ҳайати калони соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Россия, бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Рафаел Шагиев аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”.
Зимни ташрифи ҳайати калони соҳибкорони вилоятии Красноярски Федератсияи Россия, бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Рафаел Шагиев зимни ташриф ба вилояти Суғд бо ҳамроҳии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят санаи 26 ноябри соли 2021 аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид намудаанд.
Роҳбари Маъмурият Камолиддинзода Илёсиддин меҳмононро аз фаъолият ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуда зикр карданд, ки минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба соҳибкорон имконият медиҳад бо истифода аз технологияҳои муосир корхонаҳои нав бунёд намояд.
Сипас Роҳбари Маъмурият меҳмононро аз субъектҳои минтақа ҶДММ “Арча-мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶСК “Ариана металл пласт” ва Филали “Хантана канада ИНК дар Тоҷикистон” шинос карданд. Меҳмонон аз раванди истеҳсолии корхонаҳои мазкур шинос шуда, ба маҳсулотҳои таёрнамудаи онҳо баҳои баланд доданд.