Боздиди Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманн аз МОИ “Суғд”

Санаи 30 октябри соли 2021 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии  Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманн зимни ташриф ба вилояти Суғд бо ҳамроҳии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз МОИ “Суғд” дидан карданд. Роҳбари Маъмурият мӯҳтарам Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои Олмон ва Тоҷикистон ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар меҳмононро аз фаъолияти субъектҳои минтақа, аз он ҷумла ҶДММ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Боя” ва МТҒ “Колеҷи техникии ш. Хуҷанд ” шинос карданд. 

Дар ин замина иброз гардид, ки минбаъд низ барои тақвият бахшидан ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳои Олмон ва Тоҷикистон тавассути истифодаи васеи имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳибкорон тавассути Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.

loading