Иштироки намояндагон ва субъетҳои МОИ «Суғд» дар VII Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021”

Иштироки намояндагон ва субъетҳои МОИ «Суғд» дар  VII Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021”

Иштироки намояндагон ва субъетҳои МОИ «Суғд» дар VII Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021”

Санаи 20 октябри соли 2021 дар идомаи кори форуми “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” баргузор гардид.  

Дар Ярмаркаи байналмилалии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшан Юлдошев, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Россия ва Ӯзбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти беш аз 200 корхонаҳои саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар қатори онҳо субъектҳои МОИ “Суғд” ҶСК “Ариана Метал пласт”, ҶДММ КФ “Фартуна Ко”, ҶДДМ “Равзана Пласт”, ҶДММ КМ “Сикоят Бойя” маҳсулоти истеҳсолшавандаи худро ба намоиш гузоштанд, ки меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз он боздид намуданд.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” бо соҳибкорону тоҷирон ва муасиссону роҳбарони корхонаҳо, масъулини мақомоти давлатии кишварҳои иштироккунанда, миёни ҳам мубодилаи иттилоъ  намуда,  баҳри ҳамкории дутарафа гуфтушунидҳои дуҷониба гузаронидаанд.

Дар натиҷаи гуфтушинидҳо дар қисмати маросими пӯшидашавии ярмаркаи байналмилалӣ, Маъмурияти МОИ “Суғд” бо МОИ “Ургути” вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо муассиси LLC “Kokand Bicycles”, ва  бо роҳбарияти ФХ «AGRO EXPORT Yangiobod» ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

loading