Ташрифи намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”

1 октябри соли 2021 бо мақсади шиносоӣ бо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории Байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон бо сардории мушовири Агентии Ҷопон оид ба  ҳамкории Байналмилалӣ Хироми Ниино бо ҳамроҳии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.

Дар оғози вохӯрӣ ба меҳмонон аз ҷониби муовини якуми роҳбари Маъмурияти  МОИ “Суғд” оид ба фаъолияти МОИ “Суғд” маълумот дода шуда, дар рафти он масъалаҳои ҷолиби диққати меҳмонон махсусан масъалаҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳо ҷихати фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон муҳокима карда шудаанд.

Дар навбати худ меҳмонон оид ба самти фаъолияти кории худ ва нақшаҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ирози ақида намуда, инчунин омодагии худро дар ин самт барои мусоидати рушди ояндаи МОИ «Суғд»  иброз намудаанд.

Ҳамзамон меҳмонон ба як қатор корхонаҳои ҳудуди МОИ «Суғд» ташриф оварда аз фаъолияти онҳо шинос гардиданд.

loading