Ташрифи намояндагони мақомоти вилояти Челябински Федератсияи Русия ба МОИ “Суғд”
23 июли соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии худ ба вилояти Суғд, ҳайати намояндагии вилояти Челябински Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод Д.С.Грухарев ба МОИ “Суғд”ташриф овард.
Барои баррасии самтҳои имконпазири ҳамкорӣ бо МОИ «Суғд» дар Маъмурияти МОИ гуфтугӯи дуҷониба сурат гирифт. Мавзӯъи асосии вохӯрӣ бештар ба муҳокимаи масъалаи ташкли равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни вилояти Челябинск ва МОИ «Суғд» нигаронида шуд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И. ба меҳмонон маълумот оиди фаъолияти МОИ «Суғд», махсус оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионии МОИ, лоиҳаҳое, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷалби сармоягузорон равона шудаанд, маълумот дода инчунин оиди маҳсулотҳои истеҳсолшавандаи субъктон ҳарф зад.
Зимни шиносоӣ меҳмонон оиди бартариҳо ва ҷиҳатҳои манфиатбахши ҳамкории дуҷониба ибрози ақида намуданд. Инчунин дар навбати худ меҳмонон қайд карданд, ки аз ҷониби худ барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни тарафҳо барои рушди таҳкими муносибатҳои Русияву Тоҷикистон кумаки худро мерасонанд.
Барои меҳмонон боздид аз яке аз корхонаҳои бузурги минтақа, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюмини “Тоҷ Проф” ташкил карда шуд, ки дар он директори ширкат Ҷалолов Ҷ. оиди фаъолият ва маҳсулоти истеҳсолшаванда маълумот пешниҳод намуд.
Меҳмонон инчунин аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли локу ранги “Силкоат Бойя” ва корхонаи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи “Ариана Металл Пласт” шинос шуданд.