Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи соли 2021
21 июли соли 2021 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО-и маҳаллӣ баргузор гардид.
Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И. ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ «Суғд» дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълумот дод.
Дар рафти нишасти хабарӣ аз тарафи роҳбари Маъмурият зикр гардид, ки имрӯз дар МОИ «Суғд» аз 30 субъекти бақайд гирифта шуда, 15-тои он ба фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ машғуланд.
Камолиддинзода И. роҳбари Маъмурият зикр намуд, ки новобаста аз пандемияи сирояти COVID-19 нишондиҳандаҳои фаъолияти истеҳсолии субъектҳои МОИ “Суғд” тамоюли рушд дошданд. Масалан, маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи аввали соли 2021 ба 118,2 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 180,4 фоиз ё 52,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин қайд намуд, ки дар ин давраи соли ҷорӣ ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар МОИ “Суғд” ба 664,8 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 2,6 маротиба зиёд гардидааст. Дар моҳҳои январ – июни соли 2021 дар МОИ “Суғд” ҳаҷми хизматрасонӣ ба 1600,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 102,8 фоизро ташкил додааст. Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар шаш моҳи соли 2021 ба 10,8 млн сомонӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 122,7 фоиз (8,8 млн сомонӣ зиёд.
Инчунин қайд гардид, ки дар МОИ «Суғд» миқдори умумии ҷойҳои корӣ аз оғози фаъолият ба 716 нафар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 110 ҷойҳои корӣ нав ташкил шудааст.
Инчунин Камолиддинзода И. илова намуд, ки дар охири моҳи июни соли равон дар Маъмурияти МОИ «Суғд» маросими супоридани Тасдиқнома ба субъекти нав баргузор гардид, ва қайд намуд, ки ҳуҷатҳои дахдори боз як субъекти дигар барои баррасӣ ба Комиссия оид ба баррасии бизнес – нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон барои гирифтани мақом Субъекти МОИ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Роҳбари Маъмурият ба ҳамаи саволҳое, ки тарафи намояндагони ВАО дода буданд, посухи пурра дод.
Рӯзноманигорон асосан ба мавзӯъҳои рафти фаъолияти субъетони минтақаи озоди иқтисодӣ, рақобаноки ва содироти маҳсулоти истеҳсолшавандаи онҳо ба хориҷи кишвар, таъсири Covid-19 ба фаъолияти корхонаҳои МОИ Суғд ва нақшаҳои оянда таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Дар итмом Камолиддинзода И. қайд кард, ки Маъмурияти МОИ «Суғд» барои амалишавии ҳадафҳои дар назди МОИ «Суғд» гузошташуда, чораҳои зарури андешеда истодаат.