ҶДММ “Хуҷанд Пласт” мақоми субъекти МОИ “Суғд” гардид
Лоиҳаи истеҳсоли плинтусҳои ПВХ ва масолеҳи сохтмонӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 30 июл дар ҷаласаи Комиссия Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба баррасии бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои самоягузории довталабон барои гирифтани тасдиқномаи мақоми Субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ гардида, дастгири ёфт.
Ташаббускори лоиҳаи мазкур ҶДММ «Хуҷанд Пласт» буда, ҳаҷми лоиҳаи сармоягузорӣ 7500000 сомонӣ ё ин ки 680 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар баробари таъмин намудани бозори дохилӣ, маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкат ба давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Афғонистон, Русия, Украина, Беларус ва кишварҳои Аврупо низ содирот карда мешаванд.
Ширкат бо истифода аз технологияҳои пешрафта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида шудааст, ки иқтидори маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкат 200 ҳазор тонна дар як сол буда, дар ҳолати ба пурраги истифодаи иқтидори корхона 200 нафар ба кори нав ҷалб карда мешаванд.
9 июли соли ҷорӣ дар Маъмурияти МОИ «Суғд» ба корхонаи нав маросими супоридани тасдиқнома бо тасдиқи мақоми субъекти МОИ баргузор гардид. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. ба роҳбари ширкати нав муваффақиятҳо ва комёбиҳои навро таманно намуд.