Дар арафаи ташкили Форуми соҳибкорон байни ҷомеаи тиҷоратии вилояти Суғд ва намояндагони соҳибкории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба МОИ «Суғд» ташриф оварданд
31 майи соли равон ба МОИ Суғд ҳайати доираҳои тиҷоратӣ аз вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.
Вохӯри дар Маъмурияти МОИ «Суғд» сурат гирифта дар он самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима карда шуданд.
Дар музокирот аз ҷониби Эшматов Ҷавохир – сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ презентатсия дар бораи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ироа карда шуд.
Дар натиҷаи муаррифӣ, ҷонибҳо ба муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду тараф гузаштанд.
Дар ҷараёни мулоқот меҳмонон ба як қатор корхонаҳои ҳудуди МОИ «Суғд» ташриф оварда, бо маҳсулоти истеҳсолшуда ошно шуданд.