Ташрифи Сафири Фаронса ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Сафири Фаронса ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Сафири Фаронса ба МОИ “Суғд”

Санаи 30 январи соли ҷорӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ба МОИ “Суғд” дар доираи сафари расмии худ ба вилояти Суғд ташриф овард. Ин нахустин сафари ӯ ба вилояти Суғд мебошад, ки баъд аз таин шудан ба ҷои собиқ сафири Фаронса хонума Ясмин Гуедар анҷом дод.
Дар оғози вохӯрӣ муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Сӯҳроб Зикриёзода меҳмононро хайра мақдам гуфта, нақши МОИ-ро дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қайд намуд.
Баъдан, Мирзоманон Мирзоён – муовини роҳбари Маъмурият дар бораи фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар намуди рӯнамо маърӯза кард.
Пас аз муаррифии фаъолияти МОИ, ҷонибҳо ба муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ гузаштанд.
Пас аз вохӯрӣ, тибқи барномаи ташриф меҳмонон аз якчанд корхонаҳои МОИ дидан намуданд. Ҷаноби Мишел Тарран аз фаъолият ва молу маҳсулоти ҶСК “Ариана Металл Пласт”, ҶДММ КМ ТТ Фортуна-Кo”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” шинос шуда, ба сифати онҳо баҳои баланд дод.
Пас аз боздид қарор оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла пешниҳоди иттилоот дар бораи афзалиятҳо ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” ба доираҳои сощибкорию сармоягузории Фаронса ва ҷустқҷӯи имкониятҳои муаррифии молу маҳсулоти субъектҳои МОИ дар намоишҳои молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Фаронса қабул карда шуд.

loading