Маъмурияти МОИ “Суғд” бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ

Маъмурияти МОИ “Суғд” бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ

Маъмурияти МОИ “Суғд” бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ

Муссалам аст, ки 24-уми ноябр мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Аз ин рӯ, дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ, низ барои мардум муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид, зеро ҳар ҷо парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мегардад.

         Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷил карда мешавад. Таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн метавонад дар замири ҳар як фарди ватандӯст ва ҳар як сокини тоҷикистони азиз ифтихори ватандориро дучанд менамояд. Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат мебошад. Таърихи  навини давлатдори тоҷикон шоҳиди он аст,ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда ,ба шарофати партавафшонии Парчам мардум мауттаҳид мегарданд.

         Бори дигар Рӯзи Парчами давлатӣ муборак ҳамкорони азиз!

loading