Дар МОИ «Суғд» боз як субъекти нав ба қайд гирифта шуд

Дар МОИ «Суғд» боз як субъекти нав ба қайд гирифта шуд

Дар МОИ «Суғд» боз як субъекти нав ба қайд гирифта шуд

17 ноябри соли 2020 дар ҳудуди МОИ «Суғд» боз як корхонаи нав, ки бо истеҳсоли зарфҳои коғазӣ машғул мегардад ба қайд гирифта шуда, тасдиқномаи мақоми субъект супорида шуд.

Фаъолияти асосии ҶДММ “Покзарф” ба истеҳсоли зарфҳои коғазӣ барои маҳсулоти намудҳои гуногуни хӯрокворӣ равона карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ таҷҳизот ва технологияҳои навтарин истифода бурда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшуда пурра ба стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза безарар мебошад.

Корхона фаъолияти истеҳсолиро дар ҳудуди 500 м2 амалӣ намуда, зиёд намудани ҳудуди истеҳсолиро дар оянда ба нақша гирифтааст.

Иқтидори истеҳсолӣ 9000 дона дар як соат ташкил дода, иқтидори истеҳсолӣ аз ин миқдор зиёд мебошад.

Ширкат ният дорад, ки маҷмӯи маҳсулоти худро афзоиш дода, истеҳсоли намудҳои гуногуни зарфҳоро барои нӯшокиҳои газнок, афшураҳо ва коктейлҳо, чой, қаҳва, патароқ(попкорн), яхмос ва дигар хӯрокҳои тезпаз (фастфуд) ба роҳ монад.

Корхона фурӯши маҳсулотро дар Тоҷикистон ба роҳ монда, азми ба роҳ мондани содироти маҳсулотро ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон дар оянда дорад.

 

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар МОИ «Суғд» 30 субъект ба қайд  гирифта шудааст.

loading