Ҷашни 5-солагии ҶДММ КФ “Фартуна Ко” дар МОИ “Суғд”

Ҷашни 5-солагии ҶДММ КФ “Фартуна Ко” дар МОИ “Суғд”

Ҷашни 5-солагии ҶДММ КФ “Фартуна Ко” дар МОИ “Суғд”

Имруз дар бинои асосии ҶДММ КФ “Фартуна Ко” чорабинӣ бахшида ба таҷлили  5 –солагии фаъолияти кории ширкат барпо гардид. Ёдовар бояд шуд, ки ҶДММ КФ “Фартуна Ко”соли 2015 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Боиси фараҳмандист, ки ширкати ҶДММ КФ “Фартуна Ко”  бо маҳсулоти босифати худ, яъне дару тирезаҳои миллӣ, ки ба ҳама талаботҳои замони муосир ва экологӣ ҷавобгӯ мебошанд, на танҳо дар қаламрави кишвар, балки берун аз ҳудуди он машҳур гаштааст.

   

Дар чорабинии мазкур Роҳбари Маъмрияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода Илёсиддин роҳбар ва кормандони ҶДММ КФ “Фартуна Ко” табрик намуда, оид ба дастовард ва комёбиҳои корхона дар рушди иқтисодиёти мамлакат, расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи мамлакат “Саноатикунонии босуръати кишвар” баромад кард ва ду нафар кормандони фаъол,  Тоҳиров Нӯъмон сармуҳосиб ва Собиров Рашидҷон мудири амбори  ҶДММ КФ “Фартуна Ко” бо Ифтихорнома аз номи  Роҳбари Маъмрияти МОИ “Суғд” сарфароз намуд.

Чорабини дар сатҳи баланд ва риояи ҳама қойдаҳои эпидималогӣ гузаронида шуд.

loading