Ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1 октябри соли ҷорӣ, дар бинои Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд, ки субъекти МОИ «Суғд» мебошад, Ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла гумрук ва андоз, инчунини намояндагони Маъмуриятҳои МОИ “Кулоб”, МОИ “Данғара”, МОИ “Суғд” ва роҳбарияти субъектҳои он баргузор гардид.
Ҷаласаи ситод дар шакли мизи мудаввар, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ба мавзӯи муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва муаммоҳои ҷойдошта бахшида шуд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Солеҳзода А.А. ифтитоҳ намуда, аҳамият ва нақши МОИ-ро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон таъкид кард. Дар сухани худ ӯ чунин қайд намуд, ки новобаста аз вазъияти кунунӣ, ки бар асари сар задани сирояти COVID-19 ба вуҷуд омадааст, ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти худ кӯшиш намуда истодаанд ва албатта дар раванди фаъолияти онҳо як қатор мушкилиҳо низ ба назар мерасанд, ки бояд дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбанд. Сипас сухан ба муовини раиси вилояти Суғд А. Яқубӣ дода шуд, ки ӯ низ дар навбати худ дар бораи баъзе мушкилоти МОИ Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо сухан ронд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» И.Камолиддинзода дар баромади худ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ «Суғд» дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ва муаммоҳои ҷойдошта маърӯза кард. Сипас, тибқи барнома, иштирокчиёни ҷаласа ба баррасии масъалаҳое гузаштанд, ки дар ҳамарӯза кору фаъолияти МОИ ба назар мерасанд.
Пас аз ба охир расидани ҷаласа, мувофиқи барнома, иштирокчиён ба субъектҳои МОИ «Суғд» – ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» ва ҶДММ «Арча Мебел» ташриф оварда, инчунин бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Нимаи дуюми рӯз, ҳайати меҳмонон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи инфрасохтори корхонаи консервабарории Исфара ба ш. Исфара рафтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди ин корхона эҷоди зерминтақаи МОИ “Суғд” банақша гирифта шудааст.