Боздиди Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон аз МОИ “Суғд”

Боздиди Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон аз МОИ “Суғд”

Боздиди Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон аз МОИ “Суғд”

Санаи 27 августи соли ҷорӣ, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тажибаев Аскар Ерликович дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” низ дидан намуд.

Сараввал, дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” бо роҳбарияти минтақа мулоқоти судманд барпо гардид. Дар оғози вохӯрӣ Роҳбари Маъмурият И. Камолиддинзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Қазоқистон сухан намуд. Сипас аз ҷониби Муовини Роҳбари Маъмурият – М. Мирзоён ба самъи меҳмонон маълумоти муфассал оид ба фаъолияти МОИ “Суғд” дода шуда, масъалаҳои бамиёномада ва имкониятҳои ҳамкорӣ муҳокима карда шуданд.

 

Баъдан меҳмонон бо таклифи роҳбарияти Маъмурият ба якчанд субъектҳои МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶСК “Ариана Метал Пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ташриф оварда, аз фаъолият ва молу маҳсулоти онҳо шинос шуданд. Ҷаноби Сафир Тажибаев А.Е. натиҷаҳои фаъолият ва сифати молу маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” бо баҳои баланд арзёбӣ намуд.

Дар охири ташриф, ҷаноби Сафир изҳори хоҳиши дар оянда идома додани гуфтугузорро ҷиҳати пурзӯр намудани содироти маҳсулоти минтақаро ба Қазоқистон ва ҷӯстани имкониятҳои ба роҳандозии ҳамкориро байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст намуд.  

 

loading