Субъекти МОИ “Суғд” – ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” љоизадори озмуни Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид

Субъекти МОИ “Суғд” – ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” љоизадори озмуни Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид

Субъекти МОИ “Суғд” – ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” љоизадори озмуни Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид

Моҳи июни соли ҷорӣ, корхонаи муштараки тоҷики-туркии “Силкоат Бойя” ҷоизадори озмуни “Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)” барои дастовардҳо дар истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои баландсифат ва сазовори ҷоизаи «Признание делового совершенства» гардид.

Ҳадафи озмун баланд бардоштани қобилияти содиротии корхонаҳои мухталифи кишварҳои ИДМ ва ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти босифат, пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат ва ҷорӣ кардани усулҳои самараноки идоракунии сифат мебошад.

Дар ин озмун шахсони ҳуқуқии ҳама гуна шакли ташкилию ҳуқуқии давлатҳои узви ИДМ, ки бо истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ машғул мебошанд, метавонанд иштирок намоянд.

Бояд қайд кард, ки ҷоизаи ИДМ ба ташкилотҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар ду сол як маротиба дар асоси озмун барои баланд бардоштани сифати маҳсулот (хизматрасонӣ), таъмини бехатарии онҳо, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии сифат дода мешавад.

Бинобар гуфтаҳои намояндаи ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” озмун дар ду марҳила баргузор гардида, дар он комиссияи махсус довталабонро дар маҳалҳо санҷида, фаъолияти онҳоро арзёбӣ намуд.

Пас аз гузаштани ду марҳила ва иҷрои талаботи озмун ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” сазовори “Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” барои дастовардҳо дар истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои баландсифат гардид.

Тибқи натиҷаи озмун ҶДММ “Солкоат Бойя” сазовори диплом, тӯҳфаҳо ва ҳуқуқи истифодаи тамғаи Ҷоизаи ИДМ барои мақсадҳои таблиғотӣ ба мӯҳлати се сол гардид.

Аммо, маросими мукофотонидани ғолибони озмун бо сабаби ҷорӣ гардидани чораҳои маҳдудкунанда барои пешгирии паҳншавии бемории Коронавирус (COVID-19) дар тамоми ҷаҳон ба таъхир гузошта шудааст.

         Бояд қайд намуд, ки ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” дар ҳудуди МОИ “Суғд” аз соли 2011 муваффақона фаъолият бурда, яке аз ширкатҳои пешрафта на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ширкати мазкур борҳо ғолибиятро дар озмунҳои гуногуни маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ба даст овардааст. Маҳсулоти истеҳсолкунандаи ин ширкат бо сифати аълои худ ҳам дар бозорҳои кишвар ва ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ машҳуранд.

loading