Ифтитоҳи тантанавори боз як корхонаи мебелбароии нав бо иштироки Пешвои миллат дар МОИ “Суғд” сурат гирифт

Ифтитоҳи тантанавори боз як корхонаи мебелбароии нав бо иштироки Пешвои миллат дар МОИ “Суғд” сурат гирифт

Ифтитоҳи тантанавори боз як корхонаи мебелбароии нав бо иштироки Пешвои миллат дар МОИ “Суғд” сурат гирифт

26 июни соли ҷорӣ, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавори кушодашавии корхонаи нави мебелбарории “Арча мебел” баргузор гардид.

Муассисони корхонаи мазкур ҶДММ “Фортуна ва Ко” ва “УчЮлдиз” ба ҳисоб мераванд.
Масоҳати умумии корхонаи номбурда беш аз 7 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз ду коргоҳи истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, иншооти ашёи хом, анбор ва бинои намоишгоҳ иборат мебошад.
Ба сохтмони корхона 9 млн. сомонӣ сарф карда шудааст. Сармягузорони асосии корхонаи муштараки мазкур, ҷамъияти номбурдаи “Фортуна ва Ко” (Тоҷикистон) ва “УчЮлдиз (Туркия), инчунин Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба ҳисоб мераванд.

Мавриди қайд аст, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, нахуст лоиҳаи бо муваффақият амал намудаистодаи ширкати коркарди чӯбу тахтаи “Арча”-ро, ки субъекти МОИ мебошад бо маблағи 4,5 млн. сомонӣ дастгирӣ карда буд.

Ширкати “Арча мебел” маҷмӯи гуногуни маҳсулоти мебелро ба муассисаҳои томактабӣ, таълимии махсус, мебел барои хона, идора, дармонгоҳҳо, биноҳо ва майдончаҳои варзишии бачагона, синамоҳо ва дигар намудҳои мебеле, ки ба талаботҳои замони муосир ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, истеҳсол хоҳад намуд.

Мавриди қайд аст, ки коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ, ки аз давлатҳои Италия, Туркия ва Хитой ворид карда шудаанд, ҷиҳозонида шудааст. Барои истеҳсолот 80%-и ашёи хоми маҳаллӣ истифода шуда, боқимонда аз давлатҳои Белорус, Россия, Туркия ва Ӯзбекистон ворид карда мешаванд. Дар корхона 50 нафар кормандон, ки як зумраъи онҳоро занҳо ташкил мекунанд, бо ҷои кори доимӣ ва бо маоши баланд таъмин карда мешаванд. Дар саҳни корхона ва дар толори намошгоҳ барои меҳмонон маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ҷевон, рахти хоб, майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон, мебели гуногун барои соҳаи тандурустӣ ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзғор намоиш дода шуд.

Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат ба сифати маҳсулот ва тарҳи онҳо баҳои баланд дода, масъулини корхонаро ба истеҳсол кардани мебели таъиноти хона дастур дод, зеро айни замон сохтмони биноҳои баландошёна бо суръати баланд идома ёфта, талабот ба маҳсулоти корхона дар ояндаи наздик зиёд хоҳад шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки харидорон айни замон ба сатҳу сифат ва пешрафти муд дар ин соҳа аҳамияти хоса медиҳанд, ки албатта маҳсулотҳои ин корхона ба он талаботҳо ҷавобгӯ мебошанд.

Дар итмоми маросим, муассиси корхонаи номбурда ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаи хотиравӣ, ки дар худи ҳамин корхона сохта шудааст тақдим намуд.

Leave a Reply

loading